Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархост барои ҳабси хонагии Алсу Қурмашева рад шудааст


Алсу Қурмашева
Алсу Қурмашева

Додгоҳи олии Тотористон (Русия) рӯзи 20-уми феврал дархости аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба ҳабси хонагӣ кӯчондани хабарнигори Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро рад кард.

Вакилони мудофеи Қурмашева бинобар вазъи саломатияш хоста буданд, ки хабарнигор аз Боздоштгоҳ раҳо шавад. Додрас Олга Мигунова “не” гуфт, вале муҳлати ҳабси пешакии ӯро як рӯз кӯтоҳ кард.

Қаблан додгоҳе дар Қазон қарор карда буд, ки Алсу Қурмашева то 5-уми апрели имсол дар Боздоштгоҳ бимонад. Ҳоло онро ба 4-уми апрел таъйин карданд.

Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага кор карда, соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва Амрико аст, аз моҳи октябри соли 2023 боз дар Боздоштгоҳ аст.

Вай моҳи майи соли 2023 бо зарурати оҷили хонаводагӣ ба Қазон рафта буд.

Аввал барои он ки шиносномаи амрикоиашро дар ниҳодҳои Русия сабтином накард, 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима бастанд.

Сипас, 18-уми октябри соли 2023, дар шаҳри Қазон дастгир карда, барои сабти ном нашуданаш ҳамчун "агенти хориҷӣ" ва "дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия" муттаҳам намуданд. Иттиҳоми аввал панҷ сол ва иттиҳоми дувум даҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Алсу Қурмашева ва Радиои Озодӣ ин иттиҳомҳоро рад карда, гуфтаанд, Маскав ӯро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷазо медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG