Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор моҳ гузашт, чаро дуздони хонаи Маҳтоббиро намеёбанд?


Маҳтоббӣ Зоирова, сокини шаҳри Кӯлоб
Маҳтоббӣ Зоирова, сокини шаҳри Кӯлоб

Як сокини шаҳри Кӯлоб шикоят дорад, ки чор моҳ боз мақомот дуздони хонаи ӯро пайдо намекунанд.

Моҳи октябри соли 2023 шахсони ношинос ба манзили Маҳтоббӣ Зоирова даромада, ба гуфтаи худаш, бо маблағи қариб ним миллион сомонӣ пул ва тиловориро ғорат карданд. Мақомот мегӯянд, дуздонро ҷустуҷӯ доранд.

"Субҳ хостам, ба набераҳо пул диҳам, сумкаам набуд. Ба тиреза нигоҳ кардам, ки шишааш нест. Милисаро овардем. Диданду гуфтанд, ки дуздӣ нашудааст. Писарам дурбинҳои назоратиро дид, ду одам ба хона даромадаанд," – нақл кард Маҳтоббӣ Зоирова.

Дар Кӯлоб бори аввал нест, ки сокинон аз дуздӣ дар хонаҳояшон шикоят мекунанд. Ҳоло Маҳтоббӣ гила дорад, ки мақомот дар ёфтани дуздон корро кашол медиҳанд. "То имрӯз чанд бор муроҷиат кардем. Фақат ваъда медиҳанд. Ба телефонҳоямон посух намедиҳанд,” – гуфт ӯ.

Хонаи Маҳтоббӣ Зоирова
Хонаи Маҳтоббӣ Зоирова

Дуздӣ дар хонаи Маҳтоббӣ Зоирова чаҳор моҳ пеш сурат гирифт. Дар Додситонии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки тафтиши дуздии хонаи Маҳтоббӣ Зоирова зери назорати оонҳост.

Атохӯҷа Ғоибназарзода, муовини додситони шаҳри Кӯлоб, гуфт, “дар соли 2022-юм 207 мавриди дуздӣ сабт шудааст. Дар соли 2023-юм 88 ҳолат. Яъне, 119 ҷинояти дуздӣ кам сабт шудааст.”

Ба гуфтаи Ғоибназарзода, аз 88 мавриди дуздӣ дар соли гузашта 72-тои онро ошкор кардаанд. Дар Додситонии Кӯлоб гуфтанд, парвандаҳои боқимонда тафтиш мешаванд. Ваъдае, ки ба гуфтаи Маҳтоббӣ Зоирова, дар чаҳор моҳи гузашта даҳҳо бор шунид.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чор моҳ гузашт, чаро дуздони хонаи Маҳтоббиро намеёбанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG