Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ҷавобгарии ҷиноиро аз тарҳи "намояндагони хориҷӣ" бардошт


Порлумони Қирғизистон
Порлумони Қирғизистон

Аъзои Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои додгоҳӣ-ҳуқуқии порлумони Қирғизистон 20-уми феврал аз лоиҳаи қонун "Дар бораи намояндагони хориҷӣ" бандеро бардоштанд, ки ҷавобгарии ҷиноиро пешбинӣ мекард.

Ҳазфи банди мазкурро вакили порлумони Қирғизистон Нурланбек Азигалиев пешниҳод кард ва аъзои кумита онро пазируфтанд.

Лоиҳаи қонун барои таъсиси анҷуман ё созмони ғайридавлатие, ки "фаъолияти он ба зӯроварӣ нисбат ба шаҳрвандон ё расонидани зарар ба саломатии онҳо, водор кардани онҳо ба саркашӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ ё амалҳои ғайриқонунӣ равона шудааст, ҷарима ба маблағи аз 50 то 100 ҳазор сом ё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекард.”

Ҳамчунин гуфта мешуд, шахсоне, ки дар ин гуна созмонҳо иштироки "фаъол" доранд ё онҳоро таблиғ мекунанд, ба маблағи аз 100 то 200 ҳазор сом ҷарима ва ё то 10 сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Қаблан вакилони порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонуни мазкурро барои такмил ба ин кумита фиристода буданд.

Чандин созмони байналхалқӣ аз мақомоти Қирғизистон хоста буданд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG