Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Қазоқистон барои фиристодани нерӯҳояш ба баландиҳои Ҷулон


Вазорати дифои Қазоқистон 20-уми феврал эълом кард, ки посдорони сулҳи ин кишвар барои анҷоми маъмурият дар баландиҳои Ҷулон, дар марзи Исроил бо Сурия омода ҳастанд.

"Ҳукумати Қазоқистон ва Созмони Милал ахиран дар қароргоҳи созмон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико барои шомил кардани посдорони сулҳ ба маъмурияти Нерӯҳои назоратии СММ дар баландиҳои Ҷулон ёддошти тафоҳуме ба имзо расониданд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Дар вазорат гуфтанд, маъмурияти посдорони сулҳи Қазоқистон аз 139 низомӣ иборат буда, вазифаи онҳо “нигаҳ доштани низоми оташбас миёни ҷонибҳои даргир дар минтақа аст".

Пештар мақомоти Қазоқистон гуфта буданд, ки мехоҳанд дар ҳайати посдорони сулҳи СММ ба баландиҳои Ҷулон то 430 низомӣ фиристанд.

Баландиҳои Ҷулон минтақае дар марзи Сурия ва Исроил аст. Он баъди ба поён расидани ҷанги шашрӯза дар соли 1967 ба ихтиёри Исроил гузашт, аммо бештари кишварҳои ҷаҳон баландиҳоро ҷузъи қаламрави Исроил намеҳисобанд.

XS
SM
MD
LG