Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷабҳаи зидди "Толибон" гуфт, 9 ҷангҷӯро куштааст


Ҷабҳаи озодии Афғонистон, як гурӯҳи мухолифи "Толибон", иддао кардааст, ки рӯзи 18-уми феврал дар Кобул ва Бағлон ба ҷангҷӯёни ин гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон зарба зад.

Ҷабҳа дар шабакаи X (Твиттери собиқ) навишт, дар ҳамлаи афродаш ба ду посгоҳ дар Кобул ҳафт сарбози "Толибон" кушта ва чаҳор нафар захмӣ шудаанд.

Ин гурӯҳ ҳамчунин иддао кард, ки дар ҳамла ба посгоҳи "Толибон" дар шаҳри Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон, ду узви "Толибон"-ро кушт ва як тани дигарро маҷруҳ кард.

Манобеи мустақил ин иддаъоро таъйид накардаанд.

Гурӯҳи "Толибон" низ дар ин бора чизе нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG