Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши президенти Гурҷистон аз ҷанг дар Украина


Саломе Зурабишвилӣ
Саломе Зурабишвилӣ

Саломе Зурабишвилӣ, раиси ҷумҳурии Гурҷистон, аз хатари таҷовузи Русия алайҳи кишварҳои дигари аврупоӣ ҳушдор дод.

Дар сурате ки, ба гуфтааш, Украина дар ҷанги бедалели Русия бо шикаст дучор шавад.

Президенти 71-сола дар мусоҳиба бо хабаргузории dpa-и Олмон гуфт: "Табиати Русия чунин аст, ки агар бознадоред, аз роҳаш нахоҳад гашт.”

"Аврупоиҳо бояд нигарон бошанд," – гуфт ӯ дар ҳошияи Нишасти амниятии Мюнхен. Вай афзуд, "Украина имрӯз воқеан барои дифоъ аз амнияти Аврупо меҷангад.”

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Ҷанги бедалел аз он замон то ҳоло идома дорад.

XS
SM
MD
LG