Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар риштаи гуштигирӣ маълум шуданд


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи гуштигирӣ 18-уми феврал дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллӣ доир гардид.

Дар мусобиқаи имсола паҳлавонон аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат варзида, аз рӯи ҳафт вазн миёни мардон ва ду вазн байни занон рақобат карданд.

Ғолибон дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2024 дар риштаи гуштигирӣ

Мардон

Вазни -60 кг

1. Сомон Аламов

2.Акбаршоҳ Кенҷаев

3.Исоҷон Қодирзода

3.Ҳикматулло Нозиров

Вазни -65 кг

1.Шаҳбоз Саидаброров

2.Суҳроб Боқиев

3.Баҳром Сӯфиев

3.Хайрандеш Муродзода

Вазни -71 кг

1.Маҳмадраҷаб Ҳусейзода

2.Баракатулло Икромзода

3. Алиҷон Боқиев

3.Мирзоҷамил Рамазонов

Вазни -78 кг

1.Қоим Шукронов

2.Раҳматуллобек Фарҳодов

3.Иброни Бегиҷон

3.Саидҷони Ҳайдар

Вазни -86 кг

1.Ҳақназар Назаров

2. Умар Расулов

3. Туйчибек Шарипов

3. Мусохон Ғаниев

Вазни -95 кг

1.Улуғбек Раҳимов

2. Зафар Олимшоев

3. Комрон Карликов

3. Муҳаммад Раҳимов

Вазни +95 кг

1. Шарифҷон Назриев

2. Хуршед Маҷидов

3. Муҳаммадҷон Фарҳодов

3. Исроил Раҳимов

Занон

Вазни -57 кг

1. Рӯзигули Ҳасан

2. Рӯзафзун Бекназарова

3.Дилноза Султонова

3. Саидахон Додоҷонова

Вазни -70 кг

1. Ҷонона Назарова

2.Шоҳида Қаландарова

3. Қурбонгул Ҳалимова

3. Мафтуна Уроқова

Зимнан, мардуми тоҷик анъанаҳои бостонӣ ва бойи варзишӣ дорад. Ба навъҳои варзиши миллӣ гуштигирӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, асптозӣ, найзаандозӣ, пойга, тирандозӣ ва ғайра шомиланд.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 гуштии миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалиро касб кардааст.

Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, “гуштигирӣ” соҳиби сертификати байналмилалӣ гардидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG