Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2024” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки рӯзҳои 16-18-уми феврал дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, бо як медали нуқра бармегардад.
Ин медалро Абубакр Шеров, паҳлавони 20-солаи тоҷик, ба даст овард. Ӯ дар вазни то 73 кило баъди чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш Александру Раику (Руминия), Михеил Бахбахашвили (Гурҷистон), Карим Абдуллоев (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ) ва Артур Маргелидон (Канада) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Абубакр дар нимфинал Аюб Хоҷалиевро аз дастаи бетараф (AIN) шикаст дода, ба финал баромад.
Вале ӯ дар муборизаи шадид барои медали тилло аз паҳлавони пуртаҷрибаи 26-солаи озарбойҷонӣ Ҳидоят Ҳайдаров, ки ҳоло дар феҳристи ҷаҳонию олимпии ҷудо дар вазни то 73 кило дар ҷойи аввал аст, дар замони изофа ё тиллоӣ (golden skore) бо баҳогузории “иппон” мағлуб шуд.
Зимнан, ин аввалин медали Абубакр Шеров дар мусобиқоти “Grand Slam” (“Тоскӯлоҳи бузург”), инчунин нахустин медали мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти имсолаи байнулмилалии ҷудо ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, Абубакр Шеров моҳи октябри соли 2023 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Одивеласи Португалия баргузор шуд, дар вазни то 73 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Баъдан Абубакр дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни навҷавонон, ки моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардид, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар “Baku Grand Slam 2024” 404 варзишгар (226 мард ва 178 зан) аз 62 кишвар ширкат варзиданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳашт нафар байни мардон ва чаҳор нафар миёни занон намояндагӣ карданд: мардон - Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Сомонӣ Кишваров (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг) ва Шакар Мирмамадов (+100 кг); занон - Шукрона Қарчиева (-48 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг), Фазилат Гулбоева (-57 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг).
Аз байни онҳо танҳо Абубакр Шеров медал гирифт, дигарон дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.
Ғолибону ҷоизадорони “Baku Grand Slam 2024”
Мардон
-60 кг
1. Рамазон АБДУЛЛОЕВ (AIN, Русия)
2. Люка МХЕИДЗЕ (Фаронса)
3. Балабан АГАЕВ (Озарбойҷон)
3. Достон РӮЗИЕВ (Узбекистон)
-66 кг
1. Алберто ГАТИЕРО МАРТИН (Испания)
2. Дайкии БОУБА (Фаронса)
3. Руфат АЛЕСКЕРОВ (AIN, Русия)
3. Яшар НАЖОДОВ (Озарбойҷон)
-73 кг
1. Ҳидоят ҲАЙДАРОВ (Озарбойҷон)
2. Абубакр ШЕРОВ (Тоҷикистон)
3. Эйдер ТОКАЙ (Туркия)
3. Артур МАРГЕЛИДОН (Канада)
-81 кг
1. Зелим ТСКАЕВ (Озарбойҷон)
2. Умар РАҶАБЛӢ (Озарбойҷон)
3. Аскербий ГЕРБЕКОВ (Бурунди)
3. Франк ДЕ ВИТ (Нидерланд)
-90 кг
1. Мурод ФОТИЕВ (Озарбойҷон)
2. Кристиан ТОТ (Венрия)
3. Ивайло ИВАНОВ (Булғористон)
3. Вугар ТОЛИБОВ (Озарбойҷон)
-100 кг
1. Иля СУЛАМАНИДЗЕ (Гурҷистон)
2. Петр КУЧЕЙРА (Полша)
3. Михаэл КОРРЕЛ (Нидерланд)
3. Ниёз БИЛОЛОВ (AIN, Русия)
+100 кг
1. Валерий ЕНДОВИТСКИЙ (AIN, Русия)
2. Ҷамол ҒАМЗАТХОНОВ (Озарбойҷон)
3. Дил СНИППЕ (Нидерланд)
3. Ҷур СПАЙКЕР (Нидерланд)
Занон
-48 кг
1. Тара БАБУЛФАЙТ (Шведсия)
2. Милиса НИКОЛИЧ (Сербия)
3. Ҳалимаҷон ҚУРБОНОВА (Узбекистон)
3. Ҳабиба АБАЖАКУНОВА (Қазоқистон)
-52 кг
1. Диора КЕЛДИЁРОВА (Узбекастон)
2. Одетта ГУИФФРИДА (Италия)
3. Ариана ТОРО СОЛЕРС (Испания)
3. Роза ГЕРТЯС (Маҷористон)
-57 кг
1. Криста ДЕГУЧИ (Канада)
2. Нора ГЖАКОВА (Косово)
3. Даря БЕЛОДИД (Украина)
3. Етери ЛИПАРТАЛИАНИ (Гурҷистон)
-63 кг
1. Любляна ПИОВЕСАНА (Австрия)
2. Катарина БУШЕМИН-ПИНО (Канада)
3. Ҷоанна ВАН ЛИШОТ (Нидерланд)
3. Софи ОЗБАС (Маҷористон)
-70 кг
1. Барбара МАТИЧ (Хорватия)
2. Марие Ев ГАННЕ (Фаронса)
3. Сабина ГЕРЧАК (Маҷористон)
3. Елизабет СЕЛСИДУ (Юнон)
-78 кг
1. Ҷуси СТЕНХАУС (Нидерланд)
2. Юлия КУРЧЕНКО (Украина)
3. Анна Монта ОЛЕК (Олмон)
3. Елизавета ЛИТВИНЕНКО (Украина)
+78 кг
1. Романе ДИСКО (Фаронса)
2. Ася ТАВАНО (Фаронса)
3. Марит КАМПС (Нидерланд)
3. Элис СТАРСЕВА (AIN, Русия)
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Озарбойҷон бо касби 8 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт.
Мунтахаби Фаронса бо касби 4 медал (1 тилло ва 3 нуқра) дуюм ва мунтахаби Канада бо касби 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) сеюм шуданд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон 3 медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ, ҷойи 5-ум), Тоҷикистон 1 нишони нуқра (ҷойи 17-ум), Қазоқистон 1 медали биринҷӣ (ҷойи 19-ум) гирифтанд. Дастаҳои Туркманистону Қирғизистон бе медал монданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида шуданд.
Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов соли 2021 дар мусобиқаи «Baku Grand Slam» дар вазни беш аз 100 кило медали нуқра ва соли 2022 медали тилло ба даст оварда буд.
Паҳлавони дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ соли 2022 дар вазни то 66 кило барандаи медали нуқра гардидааст.
Аммо варзишгарони тоҷик соли гузашта дар «Heydar Aliyev Baku Grand Slam 2023» бе медал монданд. Аз байни ҳашт паҳлавони тоҷик танҳо Эмомалӣ Нуралӣ натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни то 66 кило бо чаҳор пирӯзӣ ва ду бохт мақоми панҷумро соҳиб шуд.