Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо дар Боку


Абубакр Шеров, паҳлавони ҷавони тоҷик
Абубакр Шеров, паҳлавони ҷавони тоҷик

Абубакр Шеров, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо “Baku Grand Slam 2024” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард.

Ин паҳлавони 20-солаи тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқа – 17-уми феврал - баъди чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш аз Руминия, Гурҷистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Канада ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Абубакр Шеров дар нимфинал Аюб Хоҷалиевро аз дастаи бетараф (AIN, Русия) шикаст дода, ба финал баромад.

Вале ӯ дар мубориза барои медали тилло аз паҳлавони пуртаҷрибаи 26-солаи озарбойҷонӣ Ҳидоят Ҳайдаров, барандаи медалҳои тиллои “Tokyo Grand Slam 2023” ва “Heydar Aliyev Baku Grand Slam 2023”, дар замони изофа бо баҳогузории “иппон” мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Зимнан, ин аввалин медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти имсолаи байнулмилалии ҷудо ба шумор меравад.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар “Baku Grand Slam 2024” 404 варзишгар (226 мард ва 178 зан) аз 62 кишвар иштирок доранд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар байни мардон ва чаҳор нафар миёни занон намояндагӣ мекунанд.

Дар ду рӯзи мусобиқа (16-17-уми феврал) ҳафт варзишгари тоҷик – се нафар миёни мардон: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг) ва чаҳор нафар миёни занон: Шукрона Қарчиева (-48 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг), Фазилат Гулбоева (-57 кг), Мавлуда Одинаева (-63 кг) - рақобат карданд.

Аз байни онҳо танҳо Абубакр Шеров медал гирифт, дигарон дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа баъди натиҷагирии ду рӯзи рақобатҳо:

Мардон

-60 кг 1. Рамазон АБДУЛЛОЕВ (AIN, Русия) 2. Люка МХЕИДЗЕ (Фаронса) 3. Балабан АГАЕВ (Озарбойҷон) 3. Достон РӮЗИЕВ (Узбекистон) -66 кг 1. Алберто ГАТИЕРО МАРТИН (Испания) 2. Дайкии БОУБА (Фаронса) 3. Руфат АЛЕСКЕРОВ (AIN, Русия) 3. Яшар НАЖОДОВ (Озарбойҷон) -73 кг 1. Ҳидоят ҲАЙДАРОВ (Озарбойҷон) 2. Абубакр ШЕРОВ (Тоҷикистон) 3. Эйдер ТОКАЙ (Туркия) 3. Артур МАРГЕЛИДОН (Канада) -81 кг 1. Зелим ТСКАЕВ (Озарбойҷон) 2. Умар РАҶАБЛӢ (Озарбойҷон) 3. Аскербий ГЕРБЕКОВ (Бурунди)

3. Франк ДЕ ВИТ (Нидерланд) Занон

-48 кг 1. Тара БАБУЛФАЙТ (Шведсия) 2. Милиса НИКОЛИЧ (Сербия) 3. Ҳалимаҷон ҚУРБОНОВА (Узбекистон) 3. Ҳабиба АБАЖАКУНОВА (Қазоқистон) -52 кг 1. Диора КЕЛДИЁРОВА (Узбекастон) 2. Одетта ГУИФФРИДА (Италия) 3. Ариана ТОРО СОЛЕРС (Испания) 3. Роза ГЕРТЯС (Маҷористон) -57 кг 1. Криста ДЕГУЧИ (Канада) 2. Нора ГЖАКОВА (Косово) 3. Даря БЕЛОДИД (Украина) 3. Етери ЛИПАРТАЛИАНИ (Гурҷистон) -63 кг 1. Любляна ПИОВЕСАНА (Австрия) 2. Катарина БУШЕМИН-ПИНО (Канада) 3. Ҷоанна ВАН ЛИШОТ (Нидерланд) 3. Софи ОЗБАС (Маҷористон)

-70 кг 1. Барбара МАТИЧ (Хорватия) 2. Марие Ев ГАННЕ (Фаронса) 3. Сабина ГЕРЧАК (Маҷористон) 3. Елизабет СЕЛСИДУ (Юнон)

Дар рӯзи охирини мусобиқа - 18-уми феврал - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон баргузор мешаванд.

Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни мардон панҷ нафар - Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Сомонӣ Кишваров (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг) ва Шакар Мирмамадов (+100 кг) – намояндагӣ мекунанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.

Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов соли 2021 дар мусобиқаи «Baku Grand Slam» дар вазни беш аз 100 кило медали нуқра ва соли 2022 медали тилло ба даст оварда буд.

Паҳлавони дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ соли 2022 дар вазни то 66 кило барандаи медали нуқра гардидааст.

Аммо варзишгарони тоҷик соли гузашта дар «Heydar Aliyev Baku Grand Slam 2023» бе медал монданд. Аз байни ҳашт паҳлавони тоҷик танҳо Эмомалӣ Нуралӣ натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни то 66 кило бо чаҳор пирӯзӣ ва ду бохт мақоми панҷумро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG