Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зери тарма мондааст


Тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
Тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд панҷ мошини сабукрав зери тарма мондааст.

"IRS”, ширкати масъули нигоҳубини ин роҳ рӯзи 18-уми феврал бо нашри акс дар саҳифаи Фейсбукиаш дар ин бора хабар додааст.

Ба гуфтаи ширкат, тарма 50 метр паҳноӣ ва 6 метр баландӣ доштааст.

"Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест. Кормандони мо сари вақт мошинҳои зери тарма мондаро берун бароварда, тармаро фавран бартараф намуданд,"--гуфтааст ширкати "IRS”.

Роҳи Душанбе-Хуҷанд дар зимистону баҳор хатарнок мешавад. Ҳодисаҳои фаромадани тармаву сангпора дар ин ду фасли сол сабт мешавад ва борҳои боиси талафоту бастани роҳ шудааст.

Ҳукумат масъулияти нигаҳбонии ин роҳро аз соли 2009 ба ширкати номаълуми "IRS” додааст ва ин ширкат аз ронандагон пул мегирад. Соҳиби ширкат маълум нест ва ҳукумат низ соҳибони онро фош намекунад.

XS
SM
MD
LG