Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 400 нозири роҳ кам мешавад


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳудуди 400 нозири роҳ ихтисор карда мешаванд. Ин кор бар асоси як дастури президенти Эмомалӣ Раҳмон анҷом мешавад, ки моҳи январи имсол қабул шуд.

Хабарнигорон рӯзи 15-уми феврал аз Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ пурсиданд, ки сарнавишти баъдии 400 корманди БДА чӣ мешавад? Раҳимзода гуфт, ин афрод корашонро дар дигар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ идома медиҳанд.

Теъдоди кормандони БДА-ро дар ҳоле кам мекунанд, ки акнун дар хиёбонҳои Душанбе "радар"-ҳои суръатёб насб шудааст. Мақомот гуфтаанд, ин дастгоҳҳо 19 навъ қонунвайронкунӣ аз ҷумла набастани тасмаи бехатарӣ ва аз меъёр зиёд ҳаракат кардани нақлиётро сабт ва ба махзани ягона мефиристанд.

Шикояти ронандагон аз ришваситонӣ ва худсарии кормандони БДА дар кишвар кам нест.

XS
SM
MD
LG