Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз 61 кишвар кумаки башардӯстона гирифтааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Соли 2023 Тоҷикистон аз 61 кишвари хориҷӣ дар ҳаҷми қариб 95 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифтааст.

Ба иттилои Хадамоти гумрук, Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бузургтарин кумакрасонҳои Тоҷикистон дар соли гузашта будаанд ва беш аз нисфи ҳаҷми ёриҳо аз ин ду кишвар аст.

Белгия, Русия, Қазоқистон, Туркия, Ҳиндустон, Дания, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Фаронса аз кумакрасонҳои дигари Тоҷикистон дар соли 2023 будаанд. Мақомот дар бораи сарфу харҷи кумакҳои башардӯстона, маълумот надодаанд.

XS
SM
MD
LG