Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи тарифи оби гарм дар Тошканд гаронтар мешавад


Шаҳрдории Тошканди Узбекистон тасмим гирифтааст, ки баъд аз фасли зимистон нархи тарифи оби гарм ва гармиро 15 дарсад гаронтар кунад.

Хадамоти матбуотии ширкати "Veolia Energy"-и Тошканд хабар дода, ки нархи тарифҳо як рӯз баъд аз ба поён расидани мавсими зимистон гарон хоҳад шуд.

Дар ин бора қарори Шӯрои вакилони мардумии шаҳри Тошканд ба имзо расида, он ба сокинони биноҳои баландошёнаи пойтахти Узбекистон дахл дорад.

Дар қарор гуфта шудааст, нархи тарифҳо ба далели боло рафтани қимати нерӯи барқ, газ ва хидматрасонии обу корез гаронтар карда мешавад.

Нархи тарифи оби гарм ва гармӣ барои сокинони Тошканд бори охир соли 2019 тағйир дода шуда буд.

Дар ширкат гуфтанд, нархи тарифҳо барои шахсони ҳуқуқӣ ва муасисаҳои буҷавӣ, ки соли 2023 таъйин шудааст, бетағйир мемонад.

XS
SM
MD
LG