Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир мегӯяд, муҳоҷират аз Тоҷикистон камтар шудааст


Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта сафари муҳоҷирон аз кишвар ба хориҷа, камтар шудааст.

Гулнора Ҳасанзода 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта 652 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои кор ба Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо рафтанд. Ба гуфтаи хонум Ҳасанзода, ин омор назар ба соли 2022, 16 дарсад камтар аст.

Оморҳои эълонкардаи мақомоти Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирон ҳамеша баҳсбарангез будааст. Дар ҳоле, ки мақомоти Русия теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистонро беш аз як миллион мегӯянд, мақомоти тоҷик ҳамеша шумораи онҳоро камтар нишон медиҳанд.

Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, онҳо танҳо афродеро муҳоҷир меҳисобанд, ки патент доранд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз вазири меҳнат пурсиданд, ки чаро мақомоти тоҷик ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия вокуниш намекунанд?

Гулнора Ҳасанзода масъулиятро ба уҳдаи муҳоҷирон партофт ва гуфт, Русия қонуну қоидаҳои худашро дорад ва онҳо аз муҳоҷирон мехоҳанд, ки онҳоро риоя кунанд. Суханҳои вазир дар ҳоле садо медиҳанд, ки Қонуни асосии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки «шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад.»

Соли 2023 шикояти муҳоҷирон аз рейдҳои пулис зиёд шуд. Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки кормандони пулиси Русия муҳоҷиронро бо мушту лагад мезананд.

XS
SM
MD
LG