Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз даҳ нафар дар Эрон 6 нафар бекор будаанд


Коргари як кон дар Эрон. Акс аз бойгонӣ
Коргари як кон дар Эрон. Акс аз бойгонӣ

Дар Эрон аз ҳар даҳ нафари синни корӣ шаш нафарашон бекор ҳастанд ё дар ҷустуҷӯи кор ва беш аз нисфи онҳое, ки кор мекунанд, кори иловагӣ ҳам мекунанд.

Дар ин бора омори Вазорати кори Эрон хабар додааст.

Ба иттилои мақомоти Эрон, беш аз 58 дарсади аҳолии ин кишвар ё аз 15-солаҳо боло ҳеҷ машғулияте надоранд.

Баъзе таҳлилгарон инро бо дилозурдагии бисёриҳо аз шароити зиндагиву кор дар Ҷумҳурии Исломӣ баъди саркӯби эътирозҳои вобаста ба марги Маҳсо Аминии 22-сола дар моҳи сентябри соли 2022 рабт медиҳанд. Ин омор бо он чи ки президент Иброҳим Раисӣ гуфтааст, дар ихтилоф аст, чун ӯ иддао карда буд, ки ҳукумат тавонист сатҳи бекориро дар Эрон то 7,6 дарсад кам кунад.

XS
SM
MD
LG