Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CAFA-2024: Эрон ғолиб шуд. Тоҷикистон ҳамаи бозиҳояшро бохт


Тими миллии футзали Эрон дар севумин мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои занона (Womens Futsal Championship 2024), ки рӯзҳои 4-11-уми феврал дар Душанбе доир гардид, ғолиб шуд.

Дар ин мусобиқа панҷ тими миллӣ - Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон - иштирок карданд.

Мунтахаби Эрон, ки дар ҳамаи бозиҳояш ғолиб омад, бо касби 12 имтиёз барандаи мусобиқа гардида, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло мукофотонида шуд.

Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби Узбекистон (9 имтиёз) гардид. Медалҳои биринҷиро мунтахаби Қирғизистон (6 имтиёз) гирифт. Мунтахаби Туркманистон (3 имтиёз) чаҳорум шуд.

Вале дастаи Тоҷикистон, ки дар ҳамаи бозиҳояш аз тимҳои Қирғизистон (2:4), Туркманистон (1:4), Узбекистон (0:7 ва Эрон (0:9) шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – қарор гирифт.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи қаҳрамонии CAFА-2024 мунтахаби Эрон бо ҷоизаи "Fair Play" ("Бозии шаффоф”) сарфароз гашт.

Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Соро Ширбегӣ аз тими Эрон эҳдо гардид. Ҷоизаи “Беҳтарин дарвозабон” ба Севара Нуруллоева аз дастаи Узбекистон супурда шуд. Ҷоизаи "Бозигари аз ҳама судманди мусобиқа" насиби Марал Туркаман аз мунтахаби Эрон гардид.

Зимнан, дар ҳарсе мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (Душанбе-2022, Тошканд-2023 ва Душанбе-2024) тими миллии бонувони Эрон ғолиб шудааст.

Соли гузашта мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар Тошканд барандаи медалҳои биринҷӣ гардида буд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занона дар риштаи футзал, Душанбе-2024

Даври 1-ум

4-уми феврал

Туркманистон - Қирғизистон - 1:3

Узбекистон - Эрон - 1:5

Даври 2-юм

5-уми феврал

Туркманистон - Узбекистон - 2:4

Қирғизистон - Тоҷикистон - 4:2

Даври 3-юм

7-уми феврал

Эрон - Қирғизистон - 11:0

Тоҷикистон - Туркманистон - 1:4

Даври 4-ум

9-уми феврал

Эрон - Туркманистон - 9:0

Узбекистон - Тоҷикистон - 7:0

Даври 5-ум

11-уми феврал

Қирғизистон - Узбекистон - 2:8

Тоҷикистон - Эрон - 0:9

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

Эрон

4

4

0

0

34-1

12

2

Узбекистон

4

3

0

1

20-9

9

3

Қирғизистон

4

2

0

2

9-22

6

4

Туркманистон

4

1

0

3

7-17

3

5

Тоҷикистон

4

0

0

4

3-24

0

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG