Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав хост, сухангӯи "Фейсбук" ҳабс шавад


Додгоҳи ноҳияи Басмани Москва рӯзи душанбе ҳукми ҳабси сӯхангӯи ширкати "Meta" Энди Стоунро дар ғайбаш содир кард.

Зидди вай бар асоси бандҳои марбут ба терроризм ва ифротгароӣ, аз ҷумла таблиғи фаъолияти террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва даъватҳои оммавӣ ба он айб эълом карда шудааст.

Худи ширкати "Meta", соҳиби шабакаҳои иҷтимоии "Facebook" ва "Instagram" дар Русия созмони "ифротӣ" эълом карда шудааст.

Додгоҳ қарор карда, ки Энди Стоун ду моҳ ба ҳабс гирифта шавад. Пештар мақомоти рус Стоунро ба рӯйхати афроде ворид карда буданд, ки дар терроризм даст доранд.

Стоунро як додгоҳи дигари Русия низ моҳи ноябри соли гузашта ба ҳабс маҳкум карда буд. Вазорати умури дохилии Русия дар пайи ин қарор ӯро таҳти пайгард қарор дод.

XS
SM
MD
LG