Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон қонуни афвро имзо кард


Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи ин кишвар ва 75-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қонуни афви маҳбусонро имзо кард.

Лоиҳаи қонунро порлумони Қирғизистон 24 январи соли равон қабул карда буд.

Қонуни мазкур озодии гуруҳе аз маҳбусон аз зиндон ва кам кардани муҳлати ҷазои гуруҳи дигарро пешбинӣ мекунад.

Расонаҳои Қирғизистон қаблан хабар дода буданд, ки қонуни афв нисбати наздик ба 600 маҳбус иҷро мешавад.

XS
SM
MD
LG