Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейд алайҳи ришдорон дар бозори Тошканд


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Тошканди Узбекистон дар бозори "Техно-Олам", маъруф ба номи "Малика", алайҳи мардони ришдор рейд баргузор кардаанд.

Ду тоҷири бозор дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, рейд 2 феврал баргузор ва дасти кам 10 кас дастгир карда шуд. Ҳамаи боздоштшудаҳоро ба шуъбаи пулиси ноҳияи Шайхонтоҳури Тошканд бурдаанд.

"Маъмурони пулис баъди намози ҷумъа беш аз 10 касро боздошт карданд. Онҳоро ба шуъба бурда, маҷбур карданд, ки ришҳояшонро тарошанд. Таҳдид кардаанд, ки ё ришҳои худро метарошед ё 15 шабонарӯз ҳабс мешавед", - изҳор дошт яке аз тоҷирон ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ба гуфтаи соҳибкори дигар, ингуна рейд дар бозори мазкур тақрибан ҳар рӯзи ҷумъа баргузор мешавад. Ҳар касе риши дароз дошта бошад, ӯро боздошт карда, ба шуъба мебаранд.

Талошҳо барои дарёфти назари пулиси Тошканд дар робита ба рейд бенатиҷа буданд.

Қаблан низ тоҷирони бозори "Малика" шикоят карда буданд, ки маъмурони пулис риши онҳоро иҷборан тарошиданд.

XS
SM
MD
LG