Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Маҷористон баъди афви як "педофил" истеъфо дод


Президенти Маҷористон Каталин Новак рӯзи шанбе эълом кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад.

Ба истеъфои ӯ моҷарое сабаб шуд, ки ҳафтаи гузашта дар пайи афви шахси муттаҳам ба хушунати ҷинсӣ алайҳи кудакон сар зада буд.

Ҳамроҳ бо президент вазири адлияи Маҷористон Юдит Варга, ки имзои санади афвро ба Новак пешниҳод карда буд, истеъфо додааст. Президенти Маҷористон дар паёми телевизионии худ иқрор кард, ки "иштибоҳ кардааст".

Маҷористон як кишвари порлумонӣ аст ва президент дар он танҳо нақши намояндагиро дорад. Шореҳон мегӯянд, эҳтимол баҳс бар сари афви шахси муттаҳам ба хушунати ҷинсии кудакон ба обурӯи ҳизби ҳокими сарвазир Виктора Орбана низ латма бизанад.

Президенти Маҷористон моҳи апрели соли гузашта дар робита ба сафари попи Рум Франсис 22 касро афв карда буд ва расонаҳо ахиран навиштанд, ки дар миёни онҳо собиқ мудири кудакистони шаҳри Бичка низ ҳаст. Мудири пешин дар кудакозорӣ ё педофилия айбдор дониста шуда буд.

XS
SM
MD
LG