Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи артиши Покистон аз сиёсиҳо хост, рақобатро канор гузоранд


Генерал Сайид Осим Мунир
Генерал Сайид Осим Мунир

Фармондеҳи артиши Покистон, яке аз ниҳодҳои пурқудрат дар ин кишвар, рӯзи 10-уми феврал аз элитаи сиёсии Покистон хост, ки рақобатро канор бигузоранду ба нафъи мардум кор кунанд.

"Миллат барои халосӣ аз сиёсатҳои бесарусомон ва қутбсозӣ, ки ба як кишвари дар ҳоли пешрафтаи 250-миллионнафарӣ муносиб нест, ба фарди муроқиб ва ғамхор эҳтиёҷ дорад," – гуфт генерал Сайид Осим Мунир.

Изҳороти ӯ пас аз эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи Покистон садо дод. Интихоботи порлумонӣ рӯзи 8-уми феврал гузашт.

Бино ба натиҷаҳои аввалия, номзадҳои ҳизби "Таҳрики Инсоф" ба раҳбарии сарвазири пешин ва ҳоло зиндонӣ, Имрон Хон, 92 курсии порлумонро соҳиб шудаанд.

Аъзои ҳизби "Таҳрики Инсоф" дар интихобот ба ҳайси номзади мустақил ширкат карда, наметавонанд ба танҳоӣ ҳукумат ташкил диҳанд, вале метавонанд дар давоми 72 соат пас аз эъломи расмии натиҷаҳо аз ҳизбе пуштибонӣ намоянд.

Гавҳар Алӣ Хон, раиси муваққати "Таҳрики Инсоф" рӯзи 10-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Исломобод гуфт, ҳизби ӯ метавонад ҳукумат ташкил диҳад, чун номзадҳои тарафдори он бештари курсиҳоро соҳиб шудаанд.

Лигаи мусалмонон ба раҳбарии Навоз Шариф, сарвазири пешини Покистон, 71 курсӣ ва ҳизби Билавал Бҳутто 54 курсии порлумонро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG