Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти узбекистониҳое, ки мехостанд одамонро ба Амрико фиристанд


Ду сокини вилояти Андиҷони Узбекистон, ки ваъдаи расонидани баъзе аз сокинонро ба Амрико тавассути Мексика додаанд, дастгир шуданд.

Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Узбекистон гуфт, маъмуронаш якҷоя бо кормандони пулис шаҳрванд О.У.-ро ҳангоми гирифтани 15 ҳазор доллар аз як сокини маҳаллӣ дастгир карданд.

О.У. гуё ваъда додааст, ки соҳиби пулро тавассути шиносҳояш дар хадамоти муҳоҷират ба Амрико мефиристад.

Дар доираи тафтиши парванда шаҳрванди дигари Узбекистон Н.М. ҳангоми гирифтани 6 ҳазор доллар дастгир шудааст.

Ба зидди боздоштшудаҳо ба гумони “Қаллобӣ” ва “Додани ришва” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Қаблан ду сокини ноҳияҳои Пастдарғом ва Каттақӯрғони Узбекистон низ бо иттиҳоми ҳамсон дастгир шуда будаанд. Онҳо ваъда додаанд, ки дар ивази 23 ҳазор доллар довталабонро тавассути Туркия, Арманистон ва Мексика ба Амрико мерасонанд. Онҳоро ҳангоми гирифтани 12 ҳазор доллар дастгир карданд.

Ба гузориши расонаҳо, дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки ғайриқонунӣ вориди Иёлоти Муттаҳида мешаванд, ба мақоми севум расидаанд.

XS
SM
MD
LG