Ба иддаои кумита, Жолболдуева гуё аз як корманди Назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Ҷалолобод бар ивази пок кардани наворе дар бораи "пуштибонӣ"-и ӯ аз як хобгоҳ ҳудуди 300 доллар талаб кардааст.
Занро 6-уми феврал ҳангоми гирифтани пул боздошт карданд. Ӯ ҳоло дар Боздошгоҳи муваққатии Кумита нигаҳдорӣ мешавад.
Вакили мудофеъ ва наздикони блогер то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Батмакан Жолболдуева вазъи беҳдоштии ошхонаву фурӯшгоҳҳо ва муҳлати истифодаи маҳсулотро дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон пайваста пайгирӣ мекард. Ӯ наворҳоро аз рафти "рейд"-и худ дар саҳифааш дар Ютуб бо номи "Батма-бат", ки беш аз 50 ҳазор нафар обуна ҳастанд, нашр мекард.