Ба гуфтаи Носирхонов, бозҷӯӣ 7-уми феврал дар асоси қарори додраси додгоҳи Сатпаев сурат гирифтааст. Телефони ҳамроҳ ва ноутбуки фаъоли маданиро маъмурони пулис бо худ бурдаанд.
Пулис гуфтааст, Носирхонов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук видеоеро нашр кард, ки дар он мақомоти давлатӣ ва раҳбарияти ширкати "Казахмис" танқид мешаванд.
Фаъоли қазоқистонӣ нигарон аст, ки мақомот мехоҳанд ӯро зиндонӣ кунанд. Зеро банде, ки манзили зисташ дар асоси он бозҷӯӣ шуд, маҳдуд кардани озодӣ ё то се сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Носирхонов пештар гуфта буд, ки мақомоти Қазоқистон ӯро барои танқидҳояш мехоҳанд ба гумони "терроризм" ҷазо диҳанд.