Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил 71 фаластинии боздоштшударо дар Навори Ғазза раҳо кард


Мақомоти Исроил 71 фаластиниеро озод карданд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Навори Ғазза боздошт карда буданд. Миёни озодшудаҳо 19 зан низ ҳаст.

Дар ин бора мақомоти Ғазза хабар доданд.

Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос"* барои сулҳ ва баргардондани гаравгонони исроилӣ гуфтугӯ доранд.

Пештар аз ин хабаргузориҳо нақшаи оташбасро дар Навори Ғазза нашр карданд.

Бар асоси нақшае, ки "Ҳамос" таҳия кардааст, оташбас се марҳиларо дар бар мегирад: табодули гаравгонони исроилӣ ба зиндониёни фаластинии зиндонҳои Исроил; барқарорсозии Навори Ғазза ва берун кардани артиши Исроил; табодули ҷасади кушташудаҳо.

Фаластиниҳо ҳамчунин пешниҳод доранд, ки оташбас ҳадди ақал барои чаҳору ним моҳ эълом шавад.

Сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу ин нақшаи "Ҳамос"-ро рад кард. Нетаняҳу бори дигар гуфт, амалиёти ҷангӣ дар Ғазза то замони маҳви комили гуруҳи "Ҳамос" идома мекунад.

Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен гуфт, умедвор аст, миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо ҳарчӣ зудтар созиш баста шавад.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG