Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соҳибкорро дар Узбекистон 15 сол зиндонӣ карданд


Дилшод Тӯрахоҷаев
Дилшод Тӯрахоҷаев

Додгоҳи ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд рӯзи 7-уми феврал шаҳрванди Русия, соҳибкор Дилшод Тӯрахоҷаевро 15 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ ба "Ғоратгарӣ" гунаҳкор дониста шуд.

Дилшод Тӯрахоҷаеви 40-сола зодаи вилояти Намангони Узбекистон буда, 20 сол боз дар Русия зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии он кишварро дорад.

Вай соли 2019 ба Узбекистон баргашта, дар деҳаи Чодаки Намангон минтақаи истироҳатӣ ва меҳмонхона бунёд кард. Ӯро 12-уми апрели соли 2023 боздошт карданд.

Пештар додситонӣ барои Тӯрахоҷаев 16 сол зиндон талаб карда буд, вале додгоҳ рӯзи 14-уми декабри соли гузашта парвандаи ӯро ба далели комил набудан ба таҳқиқи дубора баргардонд.

XS
SM
MD
LG