Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди баркандани нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев дар Хуҷанд. ВИДЕО


Раҳбари марзбандии Осиёи Миёна Абдулло Раҳимбоев чӣ кардааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ

Як ниҳоди илмӣ дар Тоҷикистон хоҳони баркандани нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев дар маркази шаҳри Хуҷанд ва табдили гӯшаи ба номи ӯ дар Осорхонаи вилояти Суғд шудааст.

Хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 8-уми феврал аз қавли Насрулло Убайдулло, мудири Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳо навишт, "будани нимпайкара ва номгузории як гӯшаи Осорхона ба номи Абдулло Раҳимбоев кори номатлуб аст."

Дар ин маврид, ба гуфтаи Насрулло Убайдулло, онҳо ба хукумати шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд нома фиристодаанд. Мавқеи ҳукумати маҳаллӣ феълан дастрас нест.

Абдулло Раҳимбоев, тоҷике, ки соли 1922 Паймони таъсиси Иттиҳоди Шӯравиро имзо кардааст. Баъзе аз таърихнигорон ӯро айбдор мекунанд, ки барои дар қаламрави кишварҳои дигар мондани шаҳрҳои тоҷикнишин мусоидат намуд.

Таърихнигор Камолуддин Абдуллоев дар матлабе дар моҳи январи имсол навишт, “Раҳимбоев ягона тоҷике буд, ки шахсан бо Ленин шиносоӣ дошт. Дар солҳои 1923-1924 ... дар баҳсҳо бо қазоқҳо истодагарӣ кардааст, ки Тошканд ба ҳайати Узбекистон дохил карда шавад.”

“Раҳимбоев дар моҳи октябри соли 1924 исрор кардааст, ки ноҳияи Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) ба ҳайати Узбекистон ҳамроҳ шавад. Дар маркази таваҷҷуҳи Раҳимбоев Туркистон ва Узбекистон буд. Тоҷикистони имрӯз сабаберо барои ифтихор кардан аз ӯ намебинад,” – навиштааст Камолуддин Абдуллоев.

Баъзеи дигар вуҷуди нимпайкараи ӯро кори дуруст ва ҷузъе аз таърихи кишвар медонанд. Ҷонибдоронаш бовар доранд, ки Абдулло Раҳимбоев қурбонии режими Сталин шуда, соли 1937 ба қатл маҳкум гардид.

Нимпайкарааш дар "Майдони ситораҳои Хуҷанд" ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG