Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Ҷоми рушд-2024» аз 18-ум то 24-уми феврал дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск – бо иштироки ҳашт даста дар ду гурӯҳ баргузор мешавад.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Б» бо дастаҳои Русия (U-17), Беларус (U-16) ва Қазоқистон (U-16) бозӣ хоҳад кард.
Ба чаҳоргонаи «А» дастаҳои наврасони Беларус (U-17), Русия (U-16), Узбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-16) дохиланд.
Иштирок дар «Ҷоми рушд-2024» дар Минск барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) яке аз давраҳои омодагии даста ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 19-ум то 27-уми октябри имсол доир мегардад, маҳсуб мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2024" дар Минск
Гурӯҳи «А»:
Беларус (U-17)
Русия (U-16)
Узбекистон (U-17)
Озарбойҷон (U-16)
Гурӯҳи «Б»:
Беларус (U-16)
Русия (U-17)
Қазоқистон (U-16)
Тоҷикистон (U-16)