Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон барои надодани “алимент” 398 парванда кушодаанд


Шумораи онҳое, ки дар Тоҷикистон аз пардохтани алимент саркашӣ кардаанд, дар соли 2023 зиёд шудааст.

Масъулони Хадамоти иҷро гуфтанд, ба ҳамин далел соли гузашта ба зидди 398 кас парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Соли 2022 барои напардохтани алимент нисбат ба 283 кас парванда кушода буданд.

Барно Саидвализода, раиси Хадамоти иҷро, гуфт, аз миёни онҳое, ки аз пардохти алимент саркашӣ кардаанд, 12 нафар зан ва боқӣ мардон ҳастанд.

Дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент ҷарима ё то се сол зиндон пешбинӣ кардаанд.

Ба қавли масъулони Хадамоти иҷро, ҳамчунин 568 “қарздор" барои сари вақт напардохтани алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷойи зист кофтукоб мешаванд.

Теъдоди онҳое, ки барои напардохтани алимент таҳти пайгард қарор гирифтаанд, назар ба соли 2022, 170 кас бештар будааст.

Масъалаи алимент, ки бахусус аз ҷониби падарон баъд аз ҷудошавлӣ аз ҳамсар барои фарзандон пардохта мешавад, баҳсҳои зиёдро дар ҷомеа ба миён овардааст. Бархе занон мегӯянд, миқдори алимент ночиз аст.

XS
SM
MD
LG