Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати нави девони вазирони Қазоқистон маълум шуд


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Баъди таъйини сарвазири нав ҳайати ҷадиди Девони вазирони Қазоқистон маълум шуд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон фармони ба мақоми сарвазирӣ таъйин кардани Олжас Бектеновро имзо кард. Вай то ин дам роҳбари Дастгоҳи президенти Қазоқистон буд.

Олжам Бектенови 43-сола моҳи апрели соли 2023 роҳбари дастгоҳи президент таъйин шуда буд. Пештар аз он вай раиси Оҷонси мубориза бо фасод буд.

Ба ин тартиб, Роман Скляр дар мақоми муовини аввали сарвазир боқӣ монд. Ҳамчунин вазирони дигар - Мурод Нуртлеу, вазири корҳои хориҷӣ, Галимҷон Койшибоев, раиси дастгоҳи ҳукумат ва дигарон мақомҳои худро ҳифз карданд.

Ба мақоми вазирии ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон Чингиз Аринов таъйин шудааст.

Акмарал Алназаров вазири тандурустии Қазоқистон, Мадӣ Тоқаев вазири молияи он кишвар таъйин шудаанд.

XS
SM
MD
LG