Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди манъи вуруд ва фурӯши сигорҳои электронӣ дар Қирғизистон


Вакили порлумони Қирғизистон Шайирбек Тошиев бо таҳияи лоиҳаи қонуне пешниҳод кардааст, ки вуруд ва фурӯши сигорҳои электронӣ дар Қирғизистон манъ шавад.

Ин тарҳи тағйиру иловаҳоро ба Кодекси қонунвайронкуниҳои маъмурии Қирғизистон вакили порлумон 1 феврал ба баррасии умум гузоштааст.

Вакил пешинҳод кардааст, ки барои истифодаи сигори электронӣ дар Қирғизистон бештар аз 40 доллар ҷарима барои шахсони воқеӣ ва 60 доллар ҷарима барои шахсони ҳуқуқӣ таъйин шавад. Барои фурӯши ин гуна сигор 50 доллар ҷарима барои шахсони воқеӣ ва 65 доллар барои шахсони ҳуқуқӣ таъйин гардад.

Вакил гуфтааст, ин навъи сигорҳо миёни наврасон маъмул гардидааст.

"Аммо касе намедонад, ки таркиби кимиёии моеи дохили ин сигорҳо аз чӣ иборат аст. Баъзе аз моддаҳои накҳатдиҳандаи ин сигорҳо таъсири манфӣ ба бор меоранд", - гуфтааст вакил.

Ин вакил дар моҳи марти соли 2023 низ чунин пешниҳоде карда буд. Он замон вай гуфта буд, ки бештари маврид аз сигорҳои электронӣ духтарон истифода мебаранд. Вале вай пешниҳоди худро дар шакли тарҳи қонун танҳо як сол баъд аз изҳороти аввалаш ба баррасӣ гузошт.

Ин дар ҳолест, ки дар Қирғизистон кашидани сигор - ҳам навъи маъмулии он ва ҳам навъи электрониаш - дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст.

XS
SM
MD
LG