Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон ҳукумати он кишварро ба истеъфо фиристод


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 5 феврал фармони истеъфои ҳукуматашро имзо кард.

Муовини аввали сарвазир Роман Скляр иҷрокунандаи вазифаи сарвазир таъйин шудааст. Бино ба фармони президент, то таъйин шудани ҳайати ҳукумати нав аъзои кунунии ҳукумат ба кори худ идома медиҳанд.

Дар фармони Тоқаев гуфта нашудааст, ки ҳукумат ба чӣ далел истеъфо додааст.

То ин замон ҳукумати Қазоқистонро Алихон Смаилов роҳбарӣ мекард. Вай 11 январи соли 2022 ба ин мақом таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG