Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин сирри тафтишот аст." Лоиқ Урунзода чаро дастгир шуд?


Лоиқ Урунзода
Лоиқ Урунзода

Баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо дархости Радиои Озодӣ қазияи боздошти як мансабдори баландпояро дар вилояти Суғд шарҳ доданд.

Лоиқ Урунзода, сардори шуъбаи Оҷонси хидмати давлатӣ дар вилояти Суғд, беш аз як моҳ боз дар боздошт аст. Додситонӣ ӯро ба "сохтакорӣ, қасди ҷиноят ва ғайриқонунӣ додани замин" гумонбар медонад.

Қарори ҳабси Лоиқ Урунзодаро Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баровардааст. Дар қарор сухан аз эҳтимоли дахолати Лоиқ Урунзода ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони бинои баландошёна аз замини як мактаби ронандагии шаҳри Хуҷанд меравад.

Боздошти ӯ муддатест суолҳои зиёдеро халқ кардааст.

Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, ҳафтаи гузашта дар ҳузури хабарнигорон гуфт, боздошти як мансабдори баландмақоми вилояти Суғд бо шикояти ӯ дар мавриди сохтакории ҳуҷҷат сурат гирифт.

“Ҳоло тафтишот ҷараён дорад ва то анҷоми он ягон маълумот дода наметавонам. Ин сирри тафтишот аст. Як чиз гуфта метавонам, ки ин масъала дар бораи имзои қарори раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин намебошад. Ин масъала хато,” – афзуд ӯ.

Дар қарор гуфта шудааст, ки ҳодиса дар моҳи ноябри соли 2023 рух дод, вале пайвандонаш мегӯянд, Лоиқ Урунзода дар он шабу рӯз бо сафари хидматӣ дар ноҳияи Айнӣ қарор дошт. Онҳо бо пешниҳоди чанд далел ба бегуноҳии ӯ исрор меварзанд ва таҳқиқи одилонаи қазияро талаб доранд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамкоронаш низ мегӯянд аз асли қазия огоҳ нестанд. Вале раҳбари ниҳоде, ки Лоиқ Урунзода дар он солиёни зиёд кор мекард, дар ин бора изҳори назар кард.

Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ гуфт: “Кирдоре, ки аз тарафи Урунзода содир шудааст, ба фаъолияти хидматии ӯ дахл надорад. Ин мазмуни онро надорад, ки роҳбари Агентии хизмати давлатӣ худро аз ҷавобгарӣ канор гирифтанӣ аст. Ҳатман фаъолияти ҳама хидматчиёни Агентии хизмати давлатӣ таҳти назорат аст.”

Раиси Оҷонси хидмати давлатӣ дар идомаи суҳбаташ афзуд, тафсилоти қазияро мақомоти қудратӣ дар доираи салоҳияти худ метавонанд ба рӯзноманигорон шарҳ диҳанд. Вале чанд манбаъ дар Додситонии вилояти Суғд ба сабаби халал нарасондан ба ҷараёни таҳқиқ маълумот надоданд.

Вобаста ба масъалаи тақсим ё соҳиб шудан ба қитъаи замин ҷиноят содир кардани мансабдорон гапи нав нест. Дар гузашта ба ҷавобгарӣ кашидани даҳҳо мансабдори маҳалливу масъулони идораҳои замин маълумоту мақолаҳо нашр гардида буданд. Бори аввал аст, ки як сардори ниҳоди аз чунин салоҳият дур гумонбар ва боздошт мешавад.

XS
SM
MD
LG