Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cокинон дар Ишқобод барои харидани дору ашёи худро мефурӯшанд


Вазъ дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ба далели паҳн шудани бемориҳои сироятии роҳҳои нафас бад шуда, маргу мир дар миёни кӯдакон афзоиш ёфтааст.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки хонаводаҳои зиёде барои табобат ва харидории дору маҷбур ҳастанд, ашё ва ҳатто мошинҳои худро фурӯшанд.

"Беморон аз дарди гулӯ, тасфи баланд, нафастангӣ ва сулфа шикоят мекунанд. Ин бемориро навзодон ва кӯдакон вазнин мегузаронанд. Дар миёни кудакон маргу мир бар асари бемории мазкур афзоиш ёфтааст", - гуфт, як корманди тиббӣ дар Ишқобод ба шарти ифшо нашудани номаш.

Арзиши доруҳо дар Туркманистон гарон аст ва бимаи ҳатмии тиббӣ доруҳоеро, ки барои муолиҷаи бемориҳои роҳҳои нафас лозиманд, дар бар намегирад.

"Бо вуҷуди пардохти пули бима, сокинон доруҳоро худашон мехаранд. Дар дорухонаҳо "антибиотикҳо"-ро бо нархи 400-500 манат мефурӯшанд ва ҷамъан пули ҳамаи лавозимот ва доруҳое, ки табиб тавсия медиҳад, тақрибан ба беш аз 3000-4000 ҳазор манат мерасад. Дар баъзе аз хонаҳо тамоми аъзои оила беморанд", - гуфт сокини Ишқобод.

XS
SM
MD
LG