Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ду Толибро дар Кобул куштаанд


Ҷангиёни гурӯҳи муқовимат
Ҷангиёни гурӯҳи муқовимат

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон иддао кардааст, ки ду узви гурӯҳи Толибонро кушта ва ду тани дигарро захмӣ кардааст.

Дар эъломияи ин Ҷабҳа аз рӯзи 4-уми феврал гуфта мешавад, ки шаби гузашта ба як қароргоҳи Толибон дар Кобул ҳамла кардаанд.

Толибон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон соли 2021 таъсис ёфтааст. Тобистони он сол, Толибон Афғонистонро тасарруф карданд ва Аҳмад Масъуд бо теъдоде аз тарафдоронаш эълон кард, ки ин гурӯҳро қабул надоранд ва муқобилаш меҷанганд.

XS
SM
MD
LG