Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон нафар аз ҳукумати Исроил хостанд, гаравгонҳоро аз Ғазза озод кунад


Эътирозгарон аксҳои гаравгонҳоро дар даст доштанд.
Эътирозгарон аксҳои гаравгонҳоро дар даст доштанд.

Ҳазорон исроилӣ бо талаби раҳоии гаравгонҳо аз дасти ҲАМОС, ки дар Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд, дар Тел Авив, пойтахти Исроил, рӯзи 4-уми феврал эътироз карданд.

ҲАМОС, ки аз ҷониби Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи террористӣ дониста мешавад, 7-уми октябри соли гузашта ба хоки Исроил ҳамла кард ва 1400 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт.

Дар тавофуқи чанд моҳи пеш миёни ҲАМОС ва Исроил қисме аз гаравгонҳо раҳо шуданд, вале ҳанӯз беш аз 130 нафари онҳо дар Ғазза ҳастанд.

Эътирозгарони исроилӣ аз ҳукумати ин кишвар талаб доранд, ки ҳарчӣ зудтар бо ҳар роҳе гаравгонҳоро раҳо кунанд.

Ҳафтаи гузашта расонаҳои Исроил хабар доданд, ки эҳтимол як тарҳи созиши оташбас дар Ғазза имзо шавад. Ин тарҳ бар ивази оташбаси наздик ба думоҳа раҳоии гаравгонҳоро дар назар дорад.

Раҳбарони ҲАМОС ҳам гуфтаанд, ки чунин пешниҳодро аз ҷониби Исроил ба воситаи Қатару Миср, ду кишвари миёнарав, дарёфт кардаанд ва онро меомӯзанд.

Пештар онҳо гуфта буданд, ки то Исроил артишашро пурра аз Ғазза берун накунад, гаравгонҳоро озод намекунанд.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил мегӯяд, то нобуд кардани гурӯҳи ҲАМОС ҷангро қатъ нахоҳад кард.

Ҳукумати Исроил таҳти фишор қарор дорад. Аз як сӯ, ҷомеаи байналмилалӣ барои афзоиши ҳалокати сокинони одии Ғазза дар амалиётҳои Исроил, аз тарафи дигар шаҳрвандони худи ин кишвар барои раҳоии гаравгонҳо ба ҳукумат фишор меоранд.

Аз моҳи октябри соли гузашта то кунун беш аз 27 ҳазор нафар дар Ғазза бар асари ҳамлаҳои Исроил кушта шудааст. Аксари кушташудаҳо занону кӯдакон ҳастанд. Африқоӣ Ҷанубӣ Исроилро ба қатли оми фаластиниҳо айбдор кард ва аз болои ин кишвар ба додгоҳи байналмилалии Гаага шикоят кардааст. Мақомоти Исроил мегӯянд, аз кишварашон ҳимоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG