Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Маскав 25 нафар, асосан журналистонро боздошт кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи шанбе полиси Маскав дар наздикии боғи Александровскии, ки начандон дур аз деворҳои Кремлин мебошад, 25 нафар, асосан кормандони расонаҳоро боздошт намуд. Дар ин ҷо намоиши маъмулии эътирозӣ алайҳи сафарбарӣ ба артиш мегузашт.

Ба навиштаи Радио Свобода, ин навбат чанд раҳбари мухолифони Русия аз мардум даъват карданд, ки дар ин намоиши эътирозӣ иштирок кунанд. Дар миёни боздоштшудаҳо хабарнигорони расонаҳои мисли "Осторожно, новости", SOTAvision, "Можем объяснить", "Коммерсант", France-Presse, Der Spiegel ва дигарҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG