Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори Чин: Додугирифтҳои молу коло миёни Тоҷикистону Чин ба $ 4 млрд наздик шуд


Аксар маҳсулоти ин ғурфаи пойафзолфурӯшӣ дар бозори "Корвон" аз Чин оварда шудааст
Аксар маҳсулоти ин ғурфаи пойафзолфурӯшӣ дар бозори "Корвон" аз Чин оварда шудааст

Соли 2023 додугирифтҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) бо Чин то 27 дарсад афзоиш ёфта, дар миёни кишварҳои минтақа Тоҷикистон дар ин бахш нишондодҳои баландтаринро доштааст. Пойгоҳи russian.eurasianet.org бар асоси омори расмии кишвари Чин, ки онро Сарраёсати гумруки ин кишвар чоп кардааст, мегӯяд, соли 2023 додугирифтҳои тиҷоратии миёни Чин бо кишварҳои ОМ 89,4 миллиард долларро ташкил дод ва ин 27 фоиз бештар назар ба соли 2022 будааст.

Расона ҳисоб кардааст, ки тавозуни тиҷоратӣ ба манфиати Чин анҷомидааст: ин кишвар дар ОМ ба маблағи 61,4 миллиард доллар маҳсулот ва хадамот фурӯхта, танҳо дар ҳаҷми 28 миллиард доллар харид кардааст.

Бар асоси омори Чин, додугирифтҳои молу коло миёни Тоҷикистону Чин соли гузашта то 53,5 % ё 3,9 миллиард доллар расидааст ва аз назари фоиз ин баландтарин нишондод дар миёни дигар кишварҳо мебошад. Айни замон, таъкид мешавад, ки тақрибан 3,7 миллиард доллар ба воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон ва 250 миллион доллар содирот ба Чинро ташкил додааст.

Тоҷикистон як кишвари вобастаи сармояҳои Чин мебошад. Аз 3,6 миллиард доллар қарзи берунии ҷумҳурӣ (то июли соли 2023) бахши асосии он ба Пекин марбут аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG