Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен ба Ховари Миёна меравад


Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен 3 феврал даври нави музокиротро дар Ховари Миёна шурӯъ мекунад, ки то 8 феврал давом хоҳад кард. Дар ин сафар дипломати калони амрикоӣ аз Арабистони Саудӣ, Миср, Қатар, Исроил ва Каронаи Ғарбӣ дидан мекунад. Дар ин бора 2 феврал сухангӯи котиби давлатии Амрико Метю Миллер хабар дод.

Сафари панҷуми Блинкен ба Ховари Миёна аз замони шурӯи ҷанг дар Ғазза дар ҳоле барпо мешавад, ки низомиёни ИМА дар Ироқу Сурия макони зиёдеро мавриди ҳадаф қарор доданд.

Блинкен мехоҳад барои дастёбӣ ба оташбаси нав дар Ғазза миёни Исроил ва Ҳамос, ки онро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ меноманд, ба созиш бирасад, ва инчунин ҳама гаравгонҳои боқимонда дар Ғазза озод шаванд, гуфт Миллер.

XS
SM
MD
LG