Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марде, ки дар Қазоқистон ронандаи "Ёрии таъҷилӣ"-ро латтукӯб карда буд


Додситонии кулли Қазоқистон мегӯяд, марде, ки дар ҳамла ба ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Қарағанда гумонзад буд, дастгир карда шуд.

"Шаҳрванд Нурболат Дакебоеви 36-сола, ки дар расонидани осеби ҷисмонӣ ба ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар Қарағанда муттаҳам аст, 1 феврал дастгир гашт", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Манбаъ афзуда, ки Дакебоевро дар 200-километрии шаҳри Қарағанда дастгир карданд ва ба ӯ то 3 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вазорати умури дохилии Қазоқистон қаблан хабар дода буд, ки мардеро бо гумони ҳамла ба ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ" таҳти пайгард қарор додааст.

Акси гумонбар дар сомонаи Додситонии кулли Қазоқистон нашр шуда буд. Наворҳои нашршуда дар Интернет нишон медиҳанд, марде дар пайи баҳси лафзӣ бо ронандаи "Ёрии таъҷилӣ" ӯро латтукӯб мекунад.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки ба ҳамлагар гӯиё чи гуна гузошта шудани мошини "Ёрии таъҷилӣ" писанд наомадааст.

XS
SM
MD
LG