Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба Украина 50 миллиард еврои дигар ёрӣ мекунад


Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо розӣ шуданд, ки ба Украина 50 миллиард еврои дигар кумак кунанд.

Ин иқдом баъди он сурат гирифт, ки Маҷористон (Венгрия), яке аз аъзои ин Иттиҳод, аз мухолифаташ даст кашид.

Шарл Мишел, раиси Кумисюни Аврупо, рӯзи 1-уми феврал, пас аз расидан ба ин тавофуқ дар нишасти Брюссел, дар шабакаи X (Твиттери пешин) навишт, ки “ҳимоят раҳбарӣ ва масъулият металабад”.

Владимир Зелинский, президенти Украина, дар як эъломия дар шабакаи X (Твиттер) ин иқдоми раҳбарони Аврупоро бисёр муҳим хонд.

Вай гуфт, тасмими раҳбарони 27 кишвар бори дигар ваҳдати қавии байни аъзои Иттиҳоди Аврупо собит мекунад.

Аз ҳамлаи беасоси Русия ба Украина тақрибан ду сол гузашт.

XS
SM
MD
LG