Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Эрон ба Сурия. Ҷуфтҳои даври чорякниҳоӣ дар Ҷоми Осиё


Тими миллии Эрон дар бозии охирини ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар дастаи мунтахаби Сурияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 5:3 (замони асосӣ ва изофа - 1:1) шикаст дод ва ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Ин ҳаштумин ва охирин дастаест, ки ба чорякфинал баромад.

Бозии тимҳои миллии Эрону Сурия шаби чоршанбеи 31-уми январ дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи шаҳри Доҳа ва бисёр сахту сангин гузашт.

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ҳарду гол аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ зада шуд. Меҳдӣ Таремӣ, бозигари мунтахаби Эрон, дар дақиқаи 34-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Умар Хрбин дар дақиқаи 64-ум ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 90+1 Меҳдӣ Таремӣ, ки дар ин дидор корти дуюми зард гирифт, аз майдон хориҷ шуд.

Дар 30 дақиқаи замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Ғолиб аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ муайян карда шуд.

Ҳамаи панҷ бозигари мунтахаби Эрон тӯбро аз пеналти ба нишон расонданд. Аз чаҳор тӯби аз пеналти задаи суриягиҳо яктоашро дарвозабони тими Эрон Алиризо Бейранванд баргардонд. Ба ин тартиб, мунтахаби Эрон аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:3 ба Сурия пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Футболбозони Эрон дар даври чорякниҳоӣ бо Ҷопон рақобат мекунанд. Ин бозӣ 3-юми феврал дар шаҳри Ал-Райян, дар варзишгоҳи Education City, соати 14:30 бо вақти маҳаллӣ (16:30 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Аз рӯи натиҷагирии ҳамаи бозиҳои ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар ҳашт тими миллӣ - Австралия, Тоҷикистон, Урдун, Қатар, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Эрон - ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд. Дар бозиҳои даври чорякниҳоӣ рӯзи ҷумъаи 2-юми феврал Тоҷикистон бо Урдун ва Австралия бо Ҷумҳурии Корея, рӯзи шанбеи 3-юми феврал Эрон бо Ҷопон ва Қатар бо Узбекистон рақобат мекунанд.

ҶОМИ ОСИЁ-2023

1/8 ФИНАЛ

28-уми январ (якшанбе)

Австралия – Индонезия – 4:0

Голҳо: Елкан Багготт, 12 (1:0), Мартин Бойл, 45 (2:0), Крейг Гудвин, 89 (3:0), Ҳарри Суттар, 90+1 (4:0).

Ал-Райян, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

Тоҷикистон – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – 1:1, аз рӯи пеналти - 5:3.

Голҳо: Ваҳдат Ҳанонов, 30 (1:0), Халифа Ал-Ҳаммадӣ, 90+5 (1:1).

Силсилаи пеналти: голҳои Тоҷикистон - Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров, Алишер Шукуров.

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Алишер Шукуров, Парвизҷон Умарбоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 85), Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 72), Шервонӣ Мабатшоев (Табрез Исломов, 85), Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 72).

Корти зард: Яҳё Ал-Ғасанӣ, 69, Таҳнун Ал-Заабӣ, 84 (ҳарду Иморот), Нуриддин Ҳамроқулов, 116 (Тоҷикистон).

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ. 33 584 тамошобин.

29-уми январ (душанбе)

Ироқ – Урдун – 2:3

Голҳо: Язан Ал-Наймат, 45+1 (0:1), Суад Нотиқ, 68 (1:1), Аймен Ҳусейн, 76 (2:1), Язан Ал-Араб, 90+5 (2:2), Низор Ал-Рашдан, 90+7 (2:3).

Корти зард: Аймен Ҳусейн, 77 - Ироқ, Насиб Абдуллоҳ, 14, Язан Ал-Наймат, 80, Низор Ал-Рашдан, 90+7 – Урдун.

Корти сурх: Аймен Ҳусейн, 77 (Ироқ)

Доҳа, Варзишгоҳи байнулмилалии Халифа

Қатар – Фаластин – 2:1

Голҳо: Одей Даббағ, 37 (0:1), Ҳасан Ал-Ҳайдос, 45+6 (1:1), Акрам Афиф, 49 – аз пеналти (2:1).

Корти зард: Тамер Сиям, 15, Муҳаммад Солеҳ, 48, Амид Маҳаҷна, 85 – ҳарсе аз мунтахаби Фаластин.

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

30-юми январ (сешанбе)

Узбекистон – Тайланд – 2:1

Голҳо: Азиз Турғунбоев, 37 (1:0), Супачок Сарачат, 58 (1:1),

Аббосбек Файзуллоев, 65 (2:1).

Корти зард: Абдуқодир Ҳусайнов, 87 (Узбекистон).

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

Арабистони Саудӣ - Кореяи Ҷанубӣ – 1:1 (2:4 – аз рӯи силсилаи пеналти)

Голҳо: Абдуллоҳ Радиф, 46 (1:0), Чо Гю-Сунг, 90+9 (1:1).

Силсилаи пеналти: Самӣ Ал-Наҷӣ ва Абдураҳмон Ғариб (ҳарду аз мунтахаби Арабистони Саудӣ) тӯбро ба нишон нарасонданд. Дарвозабони дастаи Кореяи Қанубӣ Чон Ҳюн-Ву тӯби задаи онҳоро баргардонд.

Корти зард: Аҳмад Ал-Кассар, 90+5, 113, Иид Ал-Муваллад, Муҳаммад Ал-Бурайк, 120+1, Роберто Манчини (сармураббӣ), 79 – Арабистони Саудӣ, Ким Юнг-Гвон, 40, Лии Канг-Ин, 114 – Кореяи Ҷанубӣ.

Ал-Райян, варзишгоҳи Education City

31-уми январ (чоршанбе)

Баҳрайн – Ҷопон – 1:3

Голҳо: Ритсу Доан, 31 (0:1), Такефуса Кубо, 49 (0:2), Дзион Сузуки, 64 - ба дарвозаи худ (1:2), Аясэ Уэда, 72 (1:3).

Корти зард: Абдулло Юсуф Ҳилол, 52 (Баҳрайн), Маикума, 57 (Ҷопон).

Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама

Эрон – Сурия – 1:1 (5:3 – аз рӯи пеналти)

Голҳо: Меҳдӣ Таремӣ, 34 – аз пеналти (1:0), Умар Хрбин, 64 – аз пеналти (1:1).

Корти зард: Халилзода, 16, Бейранвард, 62, Иззатуллоҳӣ, 71, Муҳибӣ, 72, Таремӣ, 81 – Эрон, Маҳмуд Ал-Асвад, 24, Иброҳим Нисор, 90+8 – Сурия.

Корти сурх: Меҳдӣ Таремӣ, 90+1 (Эрон)

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа

1/4 ФИНАЛ

2-юми феврал (ҷумъа)

Тоҷикистон – Урдун. 16:30

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

Австралия – Ҷумҳурии Корея. 20:30

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

3-юми феврал (шанбе)

Эрон - Ҷопон. 16:30

Ал-Райян, варзишгоҳи Education City

Қатар - Узбекистон. 20:30

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

НИМФИНАЛ

6-уми феврал (сешанбе), 20:00

7-уми феврал (чоршанбе), 20:00

ФИНАЛ

10-уми феврал (шанбе), 20:00

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG