Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё: Мунтахаби Ҷопон - дар чорякфинал


Дастаи мунтахаби Ҷопон
Дастаи мунтахаби Ҷопон

​​​​​​​Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар бозии ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Баҳрайнро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт. Ин ҳафтумин дастаест, ки ба чорякфинал баромад.

Бозии тимҳои миллии Баҳрайн ва Ҷопон, ки рӯзи чоршанбеи 31-уми январ дар варзишгоҳи Ал-Тумамаи шаҳри Доҳа доир гардид, бо бартарии ҷопониҳо сурат гирифт.

Голҳои мунтахаби Ҷопонро Ритсу Доан (дақиқаи 31-ум), Такефуса Кубо (49) ва Аясэ Уэда (72) ба самар расонданд. Як голи дастаи Баҳрайн ба Дзион Судзуки, дарвозабони ҷопониҳо, марбут аст, ки ӯ тӯбро дар дақиқаи 64-ум ба дарвозаи худ зад.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 3:1 муқобили Баҳрайн пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Ҳамакнун футболбозони Ҷопон дар даври чорякниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Эрон/Сурия рақобат мекунанд. Ин бозии даври чорякниҳоӣ 3-юми феврал дар шаҳри Ал-Райян, дар варзишгоҳи Education City, соати 14:30 бо вақти маҳаллӣ (16:30 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии ҳафт бозии ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар ҳафт тими миллӣ - Австралия, Тоҷикистон, Урдун, Қатар, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон - ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.

Дастаи охирини иштироккунандаи даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шаби чоршанбеи 31-уми январ дар бозӣ байни дастаҳои Эрон – Сурия муайян мегардад. Ин бозӣ соати 19:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 21:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Бозиҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар рӯзҳои 2-3-юми феврал баргузор мешаванд.

ҶОМИ ОСИЁ-2023

1/8 ФИНАЛ

28-уми январ (якшанбе)

Австралия – Индонезия – 4:0

Голҳо: Елкан Багготт, 12 (1:0), Мартин Бойл, 45 (2:0), Крейг Гудвин, 89 (3:0), Ҳарри Суттар, 90+1 (4:0).

Ал-Райян, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

ТоҷикистонИмороти Муттаҳидаи Арабӣ – 1:1, аз рӯи пеналти - 5:3.

Голҳо: Ваҳдат Ҳанонов, 30 (1:0), Халифа Ал-Ҳаммадӣ, 90+5 (1:1).

Силсилаи пеналти: голҳои Тоҷикистон - Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров, Алишер Шукуров.

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Алишер Шукуров, Парвизҷон Умарбоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 85), Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 72), Шервонӣ Мабатшоев (Табрез Исломов, 85), Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 72).

Корти зард: Яҳё Ал-Ғасанӣ, 69, Таҳнун Ал-Заабӣ, 84 (ҳарду Иморот), Нуриддин Ҳамроқулов, 116 (Тоҷикистон).

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ. 33 584 тамошобин.

29-уми январ (душанбе)

Ироқ – Урдун – 2:3

Голҳо: Язан Ал-Наймат, 45+1 (0:1), Суад Нотиқ, 68 (1:1), Аймен Ҳусейн, 76 (2:1), Язан Ал-Араб, 90+5 (2:2), Низор Ал-Рашдан, 90+7 (2:3).

Корти зард: Аймен Ҳусейн, 77 - Ироқ, Насиб Абдуллоҳ, 14, Язан Ал-Наймат, 80, Низор Ал-Рашдан, 90+7 – Урдун.

Корти сурх: Аймен Ҳусейн, 77 (Ироқ)

Доҳа, Варзишгоҳи байнулмилалии Халифа

Қатар – Фаластин – 2:1

Голҳо: Одей Даббағ, 37 (0:1), Ҳасан Ал-Ҳайдос, 45+6 (1:1), Акрам Афиф, 49 – аз пеналти (2:1).

Корти зард: Тамер Сиям, 15, Муҳаммад Солеҳ, 48, Амид Маҳаҷна, 85 – ҳарсе аз мунтахаби Фаластин.

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

30-юми январ (сешанбе)

Узбекистон – Тайланд – 2:1

Голҳо: Азиз Турғунбоев, 37 (1:0), Супачок Сарачат, 58 (1:1),

Аббосбек Файзуллоев, 65 (2:1).

Корти зард: Абдуқолир Хусанов, 87 (Узбекистон).

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

Арабистони Саудӣ - Кореяи Ҷанубӣ – 1:1 (2:4 – аз рӯи силсилаи пеналти)

Голҳо: Абдуллоҳ Радиф, 46 (1:0), Чо Гю-Сунг, 90+9 (1:1).

Силсилаи пеналти: Самӣ Ал-Наҷӣ ва Абдураҳмон Ғариб (ҳарду аз мунтахаби Арабистони Саудӣ) тӯбро ба нишон нарасонданд. Дарвозабони дастаи Кореяи Қанубӣ Чон Ҳюн-Ву тӯби задаи онҳоро баргардонд.

Корти зард: Аҳмад Ал-Кассар, 90+5, 113, Иид Ал-Муваллад, Муҳаммад Ал-Бурайк, 120+1, Роберто Манчини (сармураббӣ), 79 – Арабистони Саудӣ, Ким Юнг-Гвон, 40, Лии Канг-Ин, 114 – Кореяи Ҷанубӣ.

Ал-Райян, варзишгоҳи Education City

31-уми январ (чоршанбе)

Баҳрайн – Ҷопон – 1:3

Голҳо: Ритсу Доан, 31 (0:1), Такефуса Кубо, 49 (0:2), Дзион Сузуки, 64 - ба дарвозаи худ (1:2), Аясэ Уэда, 72 (1:3).

Корти зард: Абдулло Юсуф Ҳилол, 52 (Баҳрайн), Маикума, 57 (Ҷопон).

Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама

Эрон – Сурия. 21:00

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа

1/4 ФИНАЛ

2-юми феврал (ҷумъа)

Тоҷикистон – Урдун. 16:30

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

Австралия – Ҷумҳурии Корея. 20:30

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

3-юми феврал (шанбе)

Эрон/ Сурия - Ҷопон. 16:30

Ал-Райян, варзишгоҳи Education City

Қатар - Узбекистон. 20:30

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

НИМФИНАЛ

6-уми феврал (сешанбе), 20:00

7-уми феврал (чоршанбе), 20:00

ФИНАЛ

10-уми феврал (шанбе), 20:00

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG