Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ду шаҳрванди Қирғизистонро ба Бишкек додааст


Қурмонқул Зулушев
Қурмонқул Зулушев

Додситони кулли Қирғизистон гуфт, Тоҷикистон ду шаҳрванди ин кишварро, ки пас аз муноқишаҳои сарҳадӣ дастгир шуда буданд, ба Бишкек супурдааст.

Қурмонқул Зулушев рӯзи 31-уми январ дар ин бора дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир ба зидди шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки "ноогоҳона сарҳади ду кишварро гузаштаанд", парвандаи ҷиноӣ вуҷуд надорад.

Ҷониби Тоҷикистон дар ин замина шарҳе надодааст.

Хабаргузории "АКИpress" аз қавли додситони кулли Қирғизистон навишт, ки 22 шаҳрванди ин кишвар дар Тоҷикистон дастгиру маҳкум шудаанд.

Пайвандони ҳафт нафар хостаанд, ки онҳо барои идомаи адои ҷазо ба Қирғизистон баранд.

"20 кас вобаста ба қочоқи маводи мухаддир, як нафар барои куштор ва як нафари дигар барои узвият дар созмонҳои тундрав маҳкум шудаанд," – хабар додааст Қурмонқул Зулушев.

XS
SM
MD
LG