Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи сиҳатии фаъоли қазоқ дар зиндон бад шудааст


Айгерим Тлеужанова
Айгерим Тлеужанова

Вазъи саломати фаъоли мадании қазоқистонӣ Айгерим Тлеужанова, ки дар доираи парвандаи "ғасби фурудгоҳи Алмато" 4 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд, дар зиндон бад шудааст.

Вакили мудофеи фаъоли зиндонӣ Айнара Айдарханова гуфт, 29-уми январ бо зерҳимояи худ мулоқот кард ва ӯ аз сардӣ дар маҳбас шикоят кардааст.

"Дар маҳбас хеле сард аст. Тлеужанова ба дарди сутунмуҳра гирифтор шудааст. Гуруснанишинӣ вазъи сиҳатии вайро бадтар кардааст", - иқтибос овардааст нашрияи "Власть" аз суханони вакили дифоъ.

Магнис Сабиров, сардори зиндони рақами 10, ки фаъоли қазоқ дар он нигаҳдорӣ мешавад, бад шудани вазъи сиҳатии Тлеужанова ва сард будани маҳбасро рад кардааст.

Додгоҳи Алмато тобистони соли гузашта Тлеужановаро дар доираи парвандаи "ғасби фурудгоҳи Алмато" ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022, чаҳор сол зиндонӣ кард. Тлеужан ин айбро дар додгоҳ рад карда буд.

XS
SM
MD
LG