Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кирдоре, ки..." Фармони барканории ду додраси тоҷик


Ду додраси тоҷикро барои рафтори нодуруст аз кор рондаанд.

Фармони президент дар ин бора рӯзи 30-юми январ содир шуд.

Тибқи он, Бахтиёр Абдураҳмонзода аз мақоми раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷ ва Фирдаввс Маҷидзода аз мақоми додраси Додгоҳи шаҳри Левакант барканор гардидаанд.

Сабаби расмии тасмим "кирдоре" гуфта шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад", вале тафсилот надодаанд.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш нашрияи "Фараж" гузориш дод, ки Бахтиёр Абдураҳмонзода барои гирифтани 122 ҳазор сомонӣ ришва дастгир шудааст. Мавқеи ӯ ва ё наздиконаш ба қазия маълум нест.

Дар гузашта баъзе аз додрасҳоро асосан барои ришвагирӣ ва бо иттиҳоми расмии “кирдори нодуруст” аз кор озод карда буданд.

Ба омори расмӣ дар Тоҷикистон зиёда аз чорсад додрас ҳаст. Дар даҳ соли охир чандин нафари онҳо боздошт ва бархе ба зиндон маҳкум шуданд. Онҳоро президент таъйину барканор мекунад.

Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон ҳанӯз соли 2020 ин нуктаро танқид карда ва гуфта буд, ки "додрасҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд".

XS
SM
MD
LG