Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди барканории раисони 16 ноҳияи Узбекистон


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Сарвазири Узбекистон Абдулло Орифов фаъолияти раисони 16 шаҳру ноҳияи ин кишварро, ки соли гузашта ягон бинои баландошёна насохтаанд, баррасӣ мекунад.

Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов гуфт, 29-уми январ дастур шудааст, ки то куҷо муносиб будани кори раисони 16 ноҳия дар мансабҳояшон санҷида шавад.

Ба гуфтаи ӯ, нақшаи соли гузашта дар бораи бунёди 2000 бинои баландошёнаи зист ва тақсими онҳо ба сокинон пурра иҷро нашудааст.

Яъне, сохтмони 124 бино ба поён расонида нашудааст ва ҳамчунин 450 бинои дигар то ҳол мавриди истифода қарор нагирифтаанд.

Дар натиҷа Абдулло Орифов вазифадор шудааст, ки фаъолияти раисони шаҳри Нуқус, Қоровулбозор, Навбаҳор, Косон, Нуробод, Олтинсой, Музробод, Қизириқ, Бандихон, Оқолтин, Сайҳунобод, Мирзообод, Ховос, Пискент, Қуштеппа ва Бағдодро санҷад.

XS
SM
MD
LG