Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Гурҷистон аз мақомаш истеъфо медиҳад


Сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвилӣ.
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвилӣ.

Сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвилӣ рӯзи душанбе эълом кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад.

Ӯ дар як суханронии кӯтоҳ дар шаҳри Тифлис гуфт, бояд ба "дигарҳо" имкон дода шавад, то девони вазиронро раҳбарӣ кунанд.

Гарибашвилӣ раҳбари ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" мемонад. Ба гуфтаи ӯ, замоне фаро расида, ки бояд барои "пирӯзии қатъӣ" дар интихоботи порлумонии кишвараш дар тирамоҳи имсол омодагӣ дида шавад.

Чанд рӯз пеш расонаҳо хабар доданд, ки дар девони вазирони Гурҷистон тағйирот сурат мегирад. Бахши гурҷистонии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки эҳтимол чанд узви дигари ҳукумати ин кишвар ҳам аз мақомҳои худ канор раванд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, сарвазири нави Гурҷистон кӣ хоҳад шуд.

Ираклий Гарибашвилӣ, ки аз моҳи декабри соли 2021 сарвазири Гурҷистон буд, дар солҳои 2013-2015 ҳукумати ин кишварро раҳбарӣ кардааст. Мухолифон ба раҳбарии Михаил Саакашвилӣ ӯро ба русиягароӣ муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG