Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе гуфт, "дар ҳоле, ки ҳанӯз дар ҳоли ҷамъоварии маълумот дар робита ба ин ҳамла ҳастем, медонем, ки аз сӯи гурӯҳҳои ниманизомии мавриди ҳимояти Эрон дар Ироқ ва Сурия анҷом шудааст".
Президенти Амрико гуфт, ҳеч ҷойи шубҳа нест, ки кишвараш омилони ин ҳодисаро муҷозот мекунад. Ин ҳодиса Ҷо Байденро зери фишори мухолифони ҷумҳурихоҳаш қарор додааст. Онҳо аз Байден талаб карданд, ки дар баробари ин ҳодиса тасмими қотеъ гирад.
Ин пурталафоттарин ҳамла ба сарбозони амрикоӣ дар Ховари Миёна аз замони оғози ҷанг дар Ғазза аст.
Ситоди фармондеҳии марказии Амрико ҳам рӯзи якшанбе эълон кард, ки шумори захмиёни ҳамла ба пойгоҳи "Бурҷи 22" дар шимол-шарқи Урдун ба 34 нафар расид ва ҳашт тан аз маҷруҳон низ барои муолиҷаи бештар ба берун аз Урдун бурда шуданд.
Дар баёнияи Ситоди фармондеҳии марказии Амрико омадааст, "28-уми январ дар ҳамлаи паҳбоди интиҳорӣ ба пойгоҳе дар шимол-шарқи Урдун, наздики марзи Сурия, се сарбози амрикоӣ кушта шуданд ва чанд тани дигар захм бардоштанд".
Ситоди фармондеҳии марказии Амрико бо ироаи маълумоти нав дар бораи маҷрӯҳони ин ҳамла эълон кард, "шумори захмиёни амрикоӣ дастикам ба 34 нафар афзоиш ёфтааст".
Пойгоҳи низомии "Бурҷи 22" аз як ҷойгоҳи стратегии муҳим бархӯрдор аст ва дар шимол-шарқи Урдун дар наздикии марз бо Сурия ва Ироқ қарор дорад. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, тақрибан 350 нерӯи низомии Амрико дар ин пойгоҳ ҷойгир мебошанд.
Тибқи ин гузориш, пойгоҳи "Бурҷи 22" нақши калидӣ дар пуштибонӣ аз нерӯҳои эътилоф барои шикаст додани нерӯҳои гурӯҳи ДОИШ-ро бар ӯҳда дорад.
Як мақоми эронӣ дар Ню-Йорк даст доштани Теҳрон дар ҳамла ба нерӯҳои амрикоиро рад кард. Яке аз сухангӯёни намояндаии Эрон дар СММ ба рӯзноми Wall Street гуфт, Эрон "ҳеҷ иртиботе бо ин ҳамлаҳо надорад".
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи "Вашингтон пост" эълон кард, гурӯҳи "Муқовимати исломии Ироқ", ки иборат аз чанд гурӯҳи ниманизомии наздик ба Эрон аст, масъулияти ҳамлаи паҳбодӣ ба пойгоҳи амрикоиро дар Урдун ба ӯҳда гирифтааст. Ин рӯзнома шоми якшанбе ин иддаоро ба нақл аз як узви баландпояи ин гурӯҳ, ки нахост номаш ошкор шавад, эълон кард.
Ин масъули "Муқовимати исломии Ироқ" ба Вашингтон гуфтааст, "ҳамон тавр, ки қаблан гуфта будем, агар Амрико ба ҳимоят аз Исроил идома диҳад, таниш боло мегирад, ҳама манофеи Амрико дар минтақа ҳадафи машруъ аст ва мо ба таҳдидҳои Амрико дар бораи посух додан аҳамият намедиҳем. Мо медонем, чӣ роҳеро меравем ва подоши мо шаҳодат аст".
Ин гурӯҳ қаблан низ иддао карда буд, ки ба пойгоҳҳои Амрико ва Эътилофи байналмилалӣ дар Ироқ ва Сурия ҳамла кардааст.
Урдун бо Ироқ, Сурия, Исроил, Арабистони Саудӣ ва Фаластин марзи муштарак дорад. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди се ҳазор сарбози амрикоӣ дар ин кишвар ҷойгир мебошанд.
Гуфтугӯ