Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чандин кишвар кумаки молӣ ба фаластиниҳоро қатъ карданд


9 кишвар ёрии молии худро ба оҷонсии СММ дар умури кумак ба паноҳандаҳои фаластинӣ (UNRWA) қатъ карданд.

Дар баробари ИМА, ки рӯзи ҷумъа тасмими худро дар ин бора эълон кард, Британия, Олмон, Италия, Ҳолланд, Швейтсария, Финландия, Австралия ва Канада тасмим гирифтанд, то анҷоми таҳқиқ дар мавриди эҳтимоли даст доштани кормандони СММ дар ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил, кумаки молӣ ба ин оҷонсиро бас кунанд.

Дафтари Созмони Милал дар умури паноҳҷӯёни фаластинӣ рӯзи 26 - уми январ гуфт, таҳқиқро дар мавриди чанд корманди ин ниҳод, ки дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Ҳамос" муттаҳам ҳастанд, оғоз кардааст.

Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ эътироф кард, ки иттиҳом ҷиддӣ аст, аммо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, барои идомаи фаъолияти башардӯстона ёрӣ расонанд.

Вазири корҳои хориҷии Исроил – Исроил Катс, ба қатъи фаъолияти оҷонсии СММ дар навори Ғазза даъват кард. Вай гуфт, ин ниҳод “монеи сулҳ шуда, ба ҳайси ҷиноҳи ғайринизомии ҲАМОС дар Ғазза фаъолият мекунад.” Ба гуфтаи Исроил Катс, барои беҳтар шудани вазъ дар Ғазза ба ҷойи оҷонсии СММ “бояд ниҳодҳое ба кор шурӯъ кунанд, ки сулҳу осоиштагиро ҳадаф доранд”

Филип Лазарини, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагони фаластинӣ, дар изҳороте хабар дод, ки кормандони гумонбари ин ниҳод аз кор озод шудаанд, ва агар иттиҳоми ҳамкории онҳо тасдиқ шавад, дар додгоҳ ҷавоб хоҳанд гуфт. Вай таъкид кард, ки кумаки молӣ ба ин ниҳод бояд идома ёбад, зеро ҳаёти 2,2 миллион сокини навори Ғаза ва субот дар минтақа ба он вобастааст.

Гап сари 12 корманди оҷонсии СММ дар умури кӯмак ба паноҳандаҳои фаластинӣ меравад, ки ба иддаои Исроил дар ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил даст доштанд.

Дар гузашта ҳам Исроил борҳо оҷонсии СММ дар умури паноҳҷӯёни фаластиниро интиқод карда, иддао намуда буд, ки мактабу беморхонаҳое, ки ин ниҳод идора мекунад, аз сӯйи ҲАМОС барои фаъолиятҳои террористӣ истифода мешаванд.

XS
SM
MD
LG